Ссылки доступа

Дар Қирғизистон бахшида ба ҳодисаҳои соли 1916 раҳпаймоӣ оғоз шуд


Як гуруҳ аз сокинони Қирғизистон 5 август бахшида ба ёдбуди Уркун дар майдони "Эсимде"-и шаҳри Бишкек ҷамъ шуда, роҳпаймоиеро ташкил карданд.

Ҷамъшудаҳо, ки ҳудуди 30 нафар ҳастанд, мехоҳанд, аз маконҳои ёдгории марбут ба ҳодисаҳои соли 1916 боздид кунад. Ин роҳпаймоӣ то 14 августи соли равон идома хоҳад кард.

Гулзат Алагоз, яке аз созмондиҳандагони иқдом ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафи онҳо дарёфти посух ба суолҳое аст, ки давлат дар мавзӯи рӯйдодҳои соли 1916 истилоҳи “сиёсати хотира”-ро чӣ гуна истифода мекунад ва чи гуна ба он баҳо медиҳад.

Шӯриши соли 1916 дар Осиёи Миёна бар зидди мустамликадории подшоҳӣ ҷони ҳазорон нафарро гирифта ва қирғизҳоро маҷбур кард, ки ба минтақаи Шинҷони Чин фирор кунанд.

XS
SM
MD
LG