Ссылки доступа

Қазоқистону Узбекистон тарҳи аломатгузории марзро ҳамоҳанг карданд


Қазоқистону Узбекистон тарҳи аломатгузории марзи муштаракашонро ҳамоҳанг карданд. Дар ин бора вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон рӯзи 6 август хабар дод. Ин вазорат гуфт, комисияҳои аломатгузории марз аз 25 июл то 5 август дар шаҳри Алматои Қазоқистон мулоқот кардаанд.

"Дар ин мулоқот ҷонибҳо матни Созишнома байни Қазоқистон ва Узбекистонро дар бораи аломатгузории марзи муштарак ҳамоҳанг карданд", - омадааст дар хабар.

Мулоқоти навбатии комисияҳо дар Узбекистон баргузор мешавад.

Ду кишвар бештар аз 2300 км марзи муштарак доранд. Қазоқистону Узбекистон аломатгузории марзро соли 2003 шуруъ карда буданд.

Байни ду кишвар дар масъалаи марз баҳсҳои зиёде буд.

XS
SM
MD
LG