Ссылки доступа

Афсари тоҷиктабори Русия баъди бозгашт аз Украина дар садамае ҳалок шуд


Афсари тоҷиктабори артиши Русия, ки аз ҷанги Украина баргашта буд, дар садамае ҳамроҳ бо холааш дар вилояти Иркутск ба ҳалокат расидаанд.

Мошине, ки Меҳрубон Амонови 22‑сола, зодаи шаҳри Конибодоми Вилояти Суғд савор буд, дар роҳи Усол‑Сибири вилояти Иркутск рӯзи 6‑уми август ба мошини дигар бархӯрдааст.

Меҳрубон ва Нигина Шароповаи 44­-сола, холаи ӯ, дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудаанд ва писархолааш бо ҷароҳат дар беморхона бистарӣ шудааст. Наздикони ин хонавода дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Меҳрубон аз оғози ҷанг дар Украина қарор дошт ва ӯро барои дидорбинии пайвандонаш рухсатӣ дода буданд. Онҳо гуфтанд, ки Меҳрубон дар ҷанги хатарнок зинда монд, вале бо беэҳтиётии як ронанда дар макони амн ҳалок шуд.

Алишер Ширинов, раиси ҷамъияти тоҷикони Иркутск, бо тасдиқи ин хабар дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло бо кумаки сафорати Тоҷикистон дар Русия барои интиқоли ҷасадҳо ба ватан омодагӣ мебинанд.

“Ин як ҳодисаи нохуш аст, ки мо тоҷиконро ғамгин кард. Барои ба ватан фиристодан бо кумаки консулгарӣ омодагӣ дорем,”—гуфт ӯ.

Пайвандонашон гуфтанд, ки онҳо шаҳрванди Русия буданд ва солҳо дар ин кишвар зиндагӣ мекарданд.

Дар ҷанги Русия бо Украина садҳо зодаи Тоҷикистон ширкат мекунад. Исми наздик ба 20 нафари онҳо, ки дар ин ҷанг кушта шудаанд, расонаӣ шудааст.

Мақомоти Украина ҳам санадҳоеро нашр кардаанд, ки ширкати садҳо зодаи Тоҷикистон дар ҷанг бо ин кишварро тасдиқ мекунад. Мақомоти тоҷик мегӯянд, онҳо шаҳрвандони Русия ҳастанд ва бо даъвати ин кишвар ба артиш рафтаанд.

XS
SM
MD
LG