Ссылки доступа

Як коргари тарабхонаи "Олтин Казина"-ро дар Қирғизистон бо гумони таҷовузи гуруҳии ноболиғе боздошт карданд


Бо гумони таҷовузи гуруҳии ноболиғе пешхизмати тарабхонаи "Олтин Казина"-и наздикии шаҳри Бишкеки Қирғизистон боздошт шудааст.

Корбарони қирғизистонии шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзи 8 август хабар доданд, ду ҷавон як духтари 17-соларо таҷовуз кардаанд, ки дар тарабхонаи "Олтин Казина" ба ҳайси пешхизмат кор мекард. Волидони духтар гуфтанд, ин ҳодиса рӯзи 7 август дар ҳудуди меҳмонхонаи Maryotel-и наздикии тарабхонаи "Олтин Казина" рух дода ва гумонбарон ҳамкорони духтарашон ҳастанд.

Пулис хабар дод, ки модари духтар рӯзи 7 август ба мақомоти пулис шикоят кардааст.

Кумитаи миллии омори Қирғизистон хабар дод, ки дар соли 2021 дар он кишвар 3034 ҳолати хушунат нисбати ноболиғон сабт шудааст, ки аз ин теъдод наздики 500 ҳолат хосияти ҷинсӣ доранд.

XS
SM
MD
LG