Ссылки доступа

"Қотил"-и блогнависи узбекистонӣ Asalhoney-ро 16,5 сол зиндонӣ карданд


Додгоҳе дар шаҳри Тошканди Узбекистон рӯзи 9 август ҳукми парвандаи куштори блогнавис Асал Хоҷаевро содир кард, ки бо номи Asalhoney маъруф буд.

Дар ин куштор Каримберган Шоназаров, зодаи вилояти Хоразми Узбекистон, соли таваллудаш 1997, дар асоси моддаҳои "Куштори барқасдона" ва "Ғорат бо вуруди ғайриқонунӣ ба манзил ва расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ" айбдор дониста шуд.

Ҷасади Асал Хоҷаев рӯзи 18 марти соли ҷорӣ дар манзилаш дар ноҳияи Яшнободи шаҳри Тошканд пайдо шуда буд.

XS
SM
MD
LG