Ссылки доступа

Дар Узбекистон бекорсозии шаҳрвандии касонеро пешниҳод доранд, ки ба ҷангҳои хориҷӣ даъват мекунанд


Алишер Кадыров

Муовини раиси Палатаи қонунгузории Маҷлиси Олии Узбекистон Алишер Қодиров ба сахттар кардани муҷозоти узбекистониҳое даъват дорад, ки дар ҷангҳои хориҷӣ иштирок мекунанд.

Ба бовари Қодиров, 5 соли зиндон барои иштирок дар ҷангҳои хориҷӣ, ки дар Кодекси ҷиноии Узбекистон пешбинӣ шудааст, таъсири чандоне надорад.

"Чунин афрод бояд аз шаҳрвандӣ маҳрум ва вурудашон ба Узбекистон ба таври якумрӣ манъ шавад", - гуфт Алишер Қодиров.

Пештар аз ин роҳбари "Ҷомеаи узбекони Осиёи Марказии кишвари Перм" Ҷаҳонгир Ҷалолов пешниҳод кард, ки барои ҷанг дар Украина гуруҳе бо номи Темурланг таъсис дода шавад. Навори суханронии вай дар телевизиони Vetta нашр шуд.

"Фарзандони мо ба боғча мераванд, дар мактабу донишгоҳҳо мехонанд. Мо дар Русия зиндагиву кор мекунем. Мо на танҳо бояд, балки вазифадорем, нонеро ҳалол кунем, ки истеъмол мекунем. Пешниҳод мекунам, гуруҳи ихтиёриёне таъсис ва номашро ба номи Амир Темур - Темурланги бузург гузорем", - гуфт Ҷалолов.

Вай аз касоне, ки дар суханрониаш ҳузур доштанд, даъват кард, ӯро дастгирӣ ва ба гуруҳ бипайванданд.

Нашрияи "Коммерсант"-и Русия пештар навишт, дар минтақаҳои он кишвар то кунун бештар аз 40 гуруҳҳои ихтиёриён барои ҷанг дар Украина сохта шудааст.

Ба иттилои нашрия, сохтани чунин гуруҳҳо дар минтақаҳои Русия аз баҳор шуруъ шуда, дар бораи онҳо дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода мешавад. Гуруҳҳо бар асоси минтақаҳое номгузорӣ мешаванд, ки онҷо ҷамъоварӣ шудаанд.

Ба ин тартиб, дар Санкт-Петербург гуруҳҳои ихтиёриёни "Кронштадт", "Нева" ва "Павловск", дар Ёқутистон — "Боотур", дар Приморе — "Тигр", дар Қазон — "Алга" ва "Тимер", дар Чувашистон — "Атал", дар кишвари Перм — "Парма" ва "Молот", дар вилояти Амур — "Амурский", дар вилояти Ленинград — "Невский" ва "Ладожский" таъсис шудааст.

Манобеи нашрия гуфтаанд, ки сохтани гуруҳҳо бар асоси минтақаҳо ба он хотир аст, ки бо ихтиёриён ба ин шева кор кардан асон аст. Мансабдорони федеролӣ аз мақомоти минтақаҳои Русия хостаанд, кӯмаки иттилоотӣ ва молӣ расонанд.

Расман ихтиёриён бо вазорати мудофиаи Русия барои чанд моҳ шартнома имзо мекунанд ва мақоми низомии шартномавиро соҳиб мешаванд. Вобаста ба минтақаашон, ба онҳо моҳона аз 130 ҳазор то 300 ҳазор рубл пардохт мешавад.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта бештар аз 40 ихтиёрӣ аз Чувашистони Русия ба мақомот шикоят карданд, ки маблағҳои ваъдашударо ба онҳо напардохтаанд.

Ҷалби ихтиёриён дар Русия ба яке аз гузинаҳои "даъвати саросарӣ" табдил шудааст. Ихтиёриёнро на танҳо кумитаҳои низомӣ, балки ширкатҳои низомии хусусӣ, аз ҷумла "ЧВК Вагнер" низ ҷалб мекунад.

XS
SM
MD
LG