Ссылки доступа

Бунёдгузори як "пирамидаи молӣ" дар Узбекистон пули 300 муштариро гирифта, фирор кардааст


Бунёдгузори яке аз "Пирамидаҳои молӣ" бо номи "Rayona Qutlug" дар Узбекистон пулҳои наздик ба 300 муштарии худро гирифта, аз кишвар фирор кардааст.

Ҷабрдидаҳо дар суҳбат бо Хабаргузории "Хабар.уз" гуфтаанд, ки ба ҳисоби миёна барои мошин 4-5 ва барои хона 15-17 ҳазордолларӣ пешпардохт карда буданд ва аз ин кори онҳо наздиконашон хабар надоштанд.

"Rayona Qutlug" 10 январи соли 2022 аз сӯи сокини маҳаллӣ Эркин Эгамбердиев таъсис ёфтааст.

Пулиси ноҳияи Мирободи шаҳри Тошканд зидди раҳбарияти созмон бо банди "Дуздии амвол" барванда боз кардааст.

XS
SM
MD
LG