Ссылки доступа

СPJ аз ҳукумати Тоҷикистон хост, хабарнигорони бадахшониро раҳо кунад


Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон (СPJ) аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, Улфатхоним Мамадшоева ва Хушрӯз Ҷумъаев, хабарнигорон ва фаъолони маданиро озод ва муҳокимаи пинҳонии журналистони тоҷикро бас кунад.

Президенти ин созмон Ҷоди Гинсберг, дар як баёнияи расмӣ, ки рӯзи 11-уми август нашр шуд, гуфтааст:” Мақомоти Тоҷикистон бояд Улфатхоним Мамадшоева ва Хушрӯз Ҷумъаевро озод кунанд, ҳаргуна иттиҳом бар зидди онҳову муҳри махфӣ аз парвандаҳояшонро бардоранд.”

Улфатхоним Мамадшоева, хабарнигори мустақил ва фаъоли маданиро рӯзи 18-уми май кормандони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дастгир карданд. Рӯзе баъд аз ин Хушрӯз Ҷумъаев, блогери бадахшонӣ, ки бо номи Хушом Ғулом дар бораи вазъияти Бадахшон ва масоили фарҳангии вилоят менавишт, аз тарафи кормандони вазорати умури дохилӣ дастгир шуд.

Раҳбари Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, ки дар Ню Йорк қароргоҳ дорад, бо ишора ба нооромиҳои ахир дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҳамчунин гуфтааст, “тамоми хабарнигорони помирӣ ва тамоми журналистон дар Тоҷикистон бояд дар пасманзари иқдомоти ҳукумат дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон озодона кори худро анҷом бидиҳанд.”

Улфатхоним Мамадшоева ва Хушрӯз Ҷумъаев баъд аз нооромиҳо дар шаҳри Хоруғ ва тазоҳуроти хунин дар ноҳияи Рӯшон дастгир шуданд. Ба зидди Улфатхоним Мамадшоева бо иттиҳоми “даъват барои сарнагун кардани ҳукумати қонунӣ” парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Хушрӯз Ҷумъаев ҳам ба созмондеҳии тазоҳурот дар Хоруғ ва Рӯшон ва даъват барои сарнагунии ҳукумат муттаҳам мешавад, ҳарчанд мақомоти интизомӣ дар бораи сабабҳои боздошти ӯ то кунун расман чизе нагуфтаанд.

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон мегӯяд, ки ба Додситонии кулли Тоҷикистон барои иттилоъ дар бораи парвандаҳои хабарнигорон номаи электронӣ фиристодааст ваде то кунун посухе нагирифтааст. Дар Тоҷикистон айни замон камаш 6 хабарнигор паси панҷара ҳастанд ва ба ҷиноятҳои сахте муттаҳам мешаванд.

Шаҳри Хоруғу ноҳияи Рӯшон моҳи майи имсол шоҳиди тазоҳуроти мардуми норозӣ ва амалиёти ба гуфтаи мақомот, зиддитеррористӣ буд. Бино ба омори расмӣ, 16 кас кушта шудаанд.

Дар ҷараёни амалиёт дар Хоруғу Рӯшон беш аз 200 нафар дастгир ва чанде аз онҳо аз 11 то 18-солӣ зиндонӣ шуданд. Мақомот ин афродро ба ташкили эътирозу ноамнӣ ва ҷиноятҳои гуногун муттаҳам мекунанд, вале наздиконашон мегӯянд, онҳо барои ҳимояти ҳуқуқи худ садо баланд мекарданд.

XS
SM
MD
LG