Ссылки доступа

Тоҷикистону Қирғизистон гуфтугӯҳои марзиро фаъол месозанд


Сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон Эрлан Абдилдаев омодагии ҷониби Бишкек барои оғози иҷрои созиши раҳбарони ду кишвар дар шаҳри Чолпон-Ота ва фаъолгардонии раванди гуфтугӯҳои марзиро таъйид кард.

Абдилдаев дар ин бора 12 август дар мулоқот бо раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Тоҷикистон Ҳоҷазода Ориф Ашӯрӣ, ки роҳбари гурӯҳи кории топографии кишвар оид ба таъйин ва аломатгузории хати марз аст, изҳори назар кардааст.

Ба огаҳии Вазорати умури хориҷии Қирғизистон, ҷонибҳо дар ин мулоқот "фаъолияти гурӯҳҳои кории топографии ду кишвар оид ба таъйин ва аломатгузории марзи муштаракро баррасӣ ва дар ин бора табодули афкор намудаанд".

Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ низ дар навбати худ омодагии ҷониби Душанберро барои ташкили ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографии ду кишвар дар Тоҷикистон баён намудааст.

Президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон -- Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов 21 июли имсол дар ҳошияи ҷаласаи IV машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Чолпон-Ота мулоқот карда, ба созиш расиданд, ки кори комиссияи байниҳукуматӣ оид ба таъйин ва аломатгузории марзи муштараки ду кишварро фаъол созанд.

XS
SM
MD
LG