"Мутахассисони мо фазои интернетро назорат мекунанд, то сомона ва блогу навиштаҳоеро, ки маълумот дар бораи маводи мухаддирро паҳн мекунанд, муайян намоянд. Дар натиҷа 76 парвандаи таблиғи ғайриқонунии маводи нашъадор, 153 парвандаи ҷиноӣ оид ба фурӯши онҳо тавассути интернет боз шудааст”, - гуфт Даниёр Оралов, як масъули Вазорати умури дохилии Қазоқистон 15 август дар нишасти хабарӣ.
Ӯ ҳамчунин аз шаҳрвандони Қазоқистон даъват кард, ки ҳангоми қабули ҷои кор ба ҳайси "мудири сомона ва хаткашон бидуни тафтиши бор" эҳтиёткор бошанд.
Ба иттилои Маркази илмию амалии солимии равонӣ дар Қазоқистон, даҳҳо ҳазор нафар дар ин кишвар гирифтори нашъамандӣ ҳастанд. Ба гуфтаи табибоне, ки бо беморони муътод ба маводи психоактивӣ сарукор доранд, мегӯянд, паёмадҳои равонӣ ва тиббии маводи нави психоактивӣ, ки аз соли 2009 дар ин кишвар пайдо шудаанд, вазнин мебошад.