Раёсати тандурустии Темиртау хабар додааст, ки дар натиҷаи таркиш се кас осеб дидааст. Сардори бахши ҳолатҳои фавқулодаи минтақа Нурмуҳаммад Интуев қаблан шумори осебдидагонро чаҳор нафар гуфта буд.
"Ҷамъан се кас осеб дидааст. Яке аз онҳо ҳоло дар беморхона бистарӣ аст", - гуфтанд дар Раёсати тандурустӣ.
Мақомоти Темиртау бо сокинони бино мулоқот карда, ваъда додаанд, ки хонаҳояшонро барқарор месозанд ва то анҷоми корҳои барқарорсозӣ онҳоро муваққатан бо ҷои зист таъмин мекунанд.
Таркиш дар бинои зист 16 август рух додааст.