Қаблан Бейшеналиев дар сӯҳбат бо хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфта буд, ки дар сурати дарёфти иҷозати раисиҷумҳур омода аст, ба маҳалли кораш баргардад.
Вакили мудофеи Бейшеналиев - Кайсин Абакиров ҳам гуфт, ки парвандаи ҷиноӣ оид ба хариди ваксина ба далели мавҷуд набудани таркиби ҷиноят қатъ карда шуд. Дар ҳоли ҳозир Додситонии кул боз 6 парвандаи ҷиноӣ алайҳи Бейшеналиевро тафтиш мекунад.
Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо як фармон Олимқодир Бейшеналиевро муваққатан аз мақом барканор карда буд.
Дар додситонии кулли Қирғизистон он замон гуфтанд, ки вазири тандурустӣ фармон додааст, то бо 1,5 миллиард сом ваксинаи зидди коронавирус харидорӣ шавад. Дар ҳоле ки ба Қирғизистон кишварҳои мададрасон ваксинаи ройгон дода буданд. Тафтишот мегӯяд, роҳбарияти вазорат маблағҳоро барои харидани ваксина ба минтақаҳои офшор фиристодааст.