Ссылки доступа

"Пешрафти назаррас" дар иҷрои тарҳи бунёди роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон


Марҳилаи фаъол дар иҷрои тарҳи сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон дар ояндаи наздик оғоз мешавад.

Ин нуктаро раиси Девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Жапаров дар мулоқот бо сафири Чин дар Бишкек Ду Дэвэн баён дошт. Ӯ гуфт, дар ҳоли ҳозир дар иҷрои ин тарҳ "пешрафти назаррас"-е мушоҳида мешавад.

Ду Дэвэн дар навбати худ аз оғози комёби таҳияи заминаҳои техникӣ-иқтисодии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳан хабар додааст. "Ду Дэвэн гуфт, Чин тасмим гирифтааст, ки соати кории гузаргоҳҳои марзияшро бо Қирғизистон аз моҳи август то 31 октябри соли 2022 то 2 соат тамдид кунад", - гуфта мешавад дар иттилоияи девони вазирон.

Ташаббуси сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон ҳанӯз аввали солҳои 2000-ум эълом шуда буд, аммо то ин замон тарҳ амалӣ нашудааст.

XS
SM
MD
LG