Ссылки доступа

Дар се моҳ беш аз ниммиллион шаҳрванди Русия ба Қазоқистон рафтааст


Тақрибан 570 ҳазор шаҳрванди Русия дар моҳҳои апрел-июни имсол ба Қазоқистон сафар кардааст.

РБК бо истинод ба Хадамоти федеролии амнияти Русия иттилоъ дода, ки ҷамъан дар ин муддат 4,99 миллион шаҳрванди он кишвар ба хориҷа рафтааст ва ин рақам назар ба нишондоди се моҳи аввал 28 дарсад бештар аст.

Ба иттилои манбаъ, шаҳрвандони Русия бештар ба кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Қазоқистон, Арманистон ва Гурҷистон сафар кардаанд. Ин кишварҳо баъди оғози ҷанги Украина ба маконҳое табдил ёфтаанд, ки шаҳрвандони Русия барои кору зиндагӣ асосан онҳоро интихоб мекунанд.

Сафари русиягиҳо ба Туркия низ баъди баста шудани масирҳои аврупоӣ дар семоҳаи дувуми имсол се баробар афзоиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG