Ссылки доступа

Омбудсмен хабари шиканҷа шудани боздоштшудаҳои Қароқалпоқистонро рад кард


Хадамоти матбуотии Ваколатдори ҳуқуқи инсон ё омбудсмен дар Узбекистон хабари шикояти вакилони дифои гумонбарон дар бетартибиҳои шаҳри Нуқусро аз шиканҷа шудани шахсони зериҳимояашон ба комиссияи порлумонӣ рад кард.

Дар иттилоияи хадамоти матбуотии ваколатдор, ки пештар нашр шуда буд, гуфта мешуд, “назари вакилони дифоъ дар бораи раванди тафтишоти ҳодисаҳои Қароқалпоқистон омӯхта шуд. Аз ҷумла, дар бораи ҳолатҳои монеъ шудан ба мулоқоти гумонбарон бо наздикон ва вакилони дифоашон, ҳолатҳои шиканҷа дар рафти тафтишот маълумот гирифта шудааст”.

Ҳамчунин хабар дода шуд, ки ваколатдори ҳуқуқи инсон 16 август бо вакилони дифое мулоқот кард, ки аз ҳуқуқи гумонбарон дар нооромиҳои Нуқус ҳимоят мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, узви дигари комиссияи парлумонӣ барои таҳқиқи ҳодисаҳои Нуқус, раиси Ҳизби “Миллий тикланиш”-и Узбекистон Алишер Қодиров бо нашри як изҳорот гуфт, ки “дар Қароқалпоқистон ҳеҷ гуна саркӯб ва фишор вуҷуд надорад”.

XS
SM
MD
LG