Ссылки доступа

Мамадамбарова ҷузъиёти бозпурсӣ дар Кумитаи амниятро шарҳ дод


Шарофат Мамадамбарова на приеме у принца Ага-хана lV

Шарофат Мамадамбарова, раҳбари пешини Консули миллии исмоилиёни Тоҷикистон мегӯяд, дар Кумитаи амнияти миллӣ аз ӯ дар бораи фаъолияти Бунёди Оқохон ва нооромиҳои ахир дар Бадахшон пурсидаанд.

Суолҳои дигар аз омӯзгори бадахшонӣ дар бораи афроди боздоштшуда будааст. Шарофат Мамадамбарова рӯзи 18-уми август дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯро рӯзҳои 13 ва 14-уми август ба идораҳои Кумитаи амнияти миллӣ дар Душанбе ва Хоруғ даъват ва бозпурсӣ кардаанд.

Шарофат Мамадамбарова ҳоло дар назди пайвандонаш дар Хоруғ аст. Хонум Мамадамбарова гуфт, ки бо ӯ дар бораи ҷузъиёти аҳднома, ё худ созишномаи фаъолияти Бунёди Оғохон бо Тоҷикистон суҳбат кардаанд. Хонум Мамадамбарова гуфт, то омадан ба бинои Кумитаи амният ба ташвиш афтодааст, вале ҳангоми пурсиш маъмурони амниятӣ бо ӯ муомилаи хуб доштанд ва боэҳтиром суолу ҷавоб кардаанд.

Вай афзуд, ки аз соли 1993 ба ин тараф дар Бунёди Оғохон ҳамчун ихтиёрӣ фаъолият доштааст ва бо назардошти ҳамин собиқаи корӣ мақомот барои мушаххас кардани фаъолияти қонунии созмон ӯро даъват кардаанд. Шарофат Мамадамбарова гуфт: “Ин аҳднома пояи аслии фаъолияти ташкилоту донишгоҳи Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон аст ва дар чанд даҳсола шароити бархе аз қарордодҳо тағйир хӯрдааст ва бо таҷрибае, ки дорам ба ҳамаи суолҳо посух додам.”

Хонум Мамадамбарова ҳамчунин гуфт, баъзе аз суолҳо дар робита ба сокинони Бадахшон буд, ки ба сабаби нооромиҳои ахир дар вилоят боздошт шуданд ва аз ӯ пурсидаанд, кадоме аз онҳоро мешиносад ва кадомеро намешиносад. Айни замон теъдоде аз аъзои Гуруҳи 44 ва ҳудуди 90 нафар аз сокинони Рӯшон ва теъдоде аз фаъолони мадании Бадахшон дар боздошт ҳастанд.

Хонум Мамадамбарова гуфт, ки аз миёни боздоштшудагон як нафар Манучеҳр Холиқназаровро мешиносад, ки бо волидонаш дар донишгоҳ таҳсил кардааст. Хонум афзуд, ки ба намояндаҳои амният гуфтааст, ки падару модари ӯро хуб мешиносад ва онҳо як хонаводаи ботарбия ва маданӣ ҳастанд ва имкон надорад, фарзанди онҳо қонуншикание карда бошад. Манучеҳр Холиқназаров, мудири Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир, узви Эътилофи зидди шиканҷа ва узви "Комиссияи 44", дар шаҳри Хоруғ дар охири моҳи май дастгир шуд.

Бар асоси хабаре, ки манбеъи Радиои Озодӣ мегӯянд, мақомоти интизомии Тоҷикистон ҳоло рӯйхати даҳҳо нафар афроди фаъоли мадании Бадахшонро, ки дар беруни Тоҷикистон, аз ҷумла дар Русия ба сар мебаранд, дар даст доранд ва мехоҳанд, онҳоро боздошт кунанд. Бино ба ин хабар, дар Русия гурӯҳи кории 13 нафараи Вазорати умури дохила қарор дорад, ҳарчанд худи мақомот дар ин бора ҳарфе намезананд.

Баъди нооромиҳои моҳи ноябри соли 2021 ва моҳи майи имсол дар Бадахшон ва бахусус дар ноҳияи Рӯшон, мақомоти интизомӣ даҳҳо нафар сокинони вилоят ва бахусус фаъолони маданӣ ва чеҳраҳои шинохта дар вилоятро дастгир карданд.

Дар ҷараёни тазоҳуроти олуда ба хушунат дар Рӯшон дар моҳи май 16 нафар кушта шуд, ҳарчанд сокинон мегӯянд, теъдоди кушташудагон зиёдтар аст. Мақомот мегӯянд, аъзои гуруҳҳои ҷиноиро маҳв карданд, ҳарчанд ҳомиёни ҳуқуқ ва мардуми маҳаллӣ мегӯянд, ки ин афрод барои ҳимоят аз ҳуқуқи худ садо баланд мекарданд.

XS
SM
MD
LG