"Ман супориш додам, ки то охири сол 5 ҳавопаймои нав харанд. Парки ҳавопаймоии "Fly Arystan" бо 2 ва "Air Astana" бо 3 ҳавопаймо пур мешавад. Ҷамъан то соли 2025 харидории 24 ҳавопаймои нав, аз ҷумла 3 ҳавопаймои Boeing 787 Dreamliner дар назар аст”, - навиштааст Қайирбек Ускенбоев дар Телеграм.
Ба гуфтаи вазир, роҳбари ширкати ҳавопаймоӣ гуфтааст, барои иҷрои ӯҳдадориҳояш тамоми чораҳоро хоҳад андешид.
Харидории ҳавопаймоҳои нав дар ҳолест, ки "Air Astana" ба далели таъхир дар парвози самти Алмато-Малӣ бештар аз 6,2 ҳазор доллар ҷарима шуда буд. Мусофирони хати сайри Алмато-Малдив парвози ҳавопайморо бештар аз 15 соат мунтазир шуданд.
Дар ширкати ҳавопаймоӣ гуфта буданд, ки ҳавопаймои мазкур рӯзи 16 июл парвоз кард, аммо баъди ду соати парвоз ба далели мушкилоти фаннӣ ба фурудгоҳи шаҳри Алмато баргашт. Мусофирон бо таъхири 18-соата ба Малӣ фиристода шуданд.
Як моҳ пеш ҳам мусофирони хати сайри Алмато-Анталя як шабонарӯз дар фурудгоҳ монда буданд.