"Робита бо кишварҳое, ки барои Русия дӯст нестанд, набояд ба шарикии стратегӣ бо кишвари мо зарар расонанд ва ба ӯҳдадориҳо дар доираи созишномаҳои муштараки ҳампаймонӣ, аз ҷумла СПАД, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкориҳои Шангхай мухолифат кунад", - иқтибос овардааст РБК аз суханони Нечаев.
Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Белорус ва Тоҷикистон низ дар баробари Русия узви СПАД ҳастанд.
Москва баъди эъломи таҳримҳои Ғарб дар пайи ҷанг алайҳи Украина рӯйхати "кишварҳои ғайридуст барои Русия"-ро таҳия кардааст. Ба он ИМА, Канада, давлатҳои Иттиҳоди Аврупо, Бритониё, Украина, Черногория, Швейтсария, Албания, Андорра, Исландия, Лихтенштейн, Монако, Норвегия, Сан-Марино, Македонияи Шимолӣ, Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ, Австралия, Зеландияи Нав, Сингапур ва Тайван шомил карда шудаанд.