"Раҳбари давлати мо бар асоси рукнҳои шариати Ислом, эҳром баста, намоз хонд ва сипас бо хондани талбия вориди Масҷид-ул-Ҳаром" шуд", - иттилоъ додааст хадамоти матбуотии президенти Узбекистон.
Ба иттилои манбаъ, Шавкат Мирзиёев ҳамчунин ба дохили Каъба даромада, дар онҷо намоз хонда, сипас ҳафт бор гирди Хонаи Худо тавоф кардаааст.
Қаблан хабар дода шуд, ки Мирзиёев бо даъвати шоҳ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд барои анҷоми сафари давлатии дурӯза 17 август ба Арабистони Саудӣ рафт.