Ссылки доступа

Нусхаи қадимии Қуръонро аз зиёратгоҳи “Увайси Қаранӣ” ду сокини Намангон дуздидаанд (видео)


Дар робита ба рабудани нусхаи дастнависи китоби Қуръон аз як зиёратгоҳи ноҳияи Чортоқи вилояти Намангони Узбекистон ду кас дастгир шудааст.

Ба огаҳии пулиси Намангон, гумонбарон сокинони шаҳрҳои Чортоқу Намангон ҳастанд. Онҳо китоби дуздидашударо дар яке аз биноҳои баландошёнаи шаҳри Намангон, дар кӯчаи Навоӣ пинҳон кардаанд.

Манбаъ ному насаби гумонбаронро ифшо накардааст.

Қаблан Раёсати пулиси Намангон хабар дода буд, ки шахсони номаълум шаби 9 ба 10 август тахминан соати 00:04 нусхаи дастнависи Қуръон аз зиёратгоҳи “Султон Увайси Қаранӣ” дар маҳаллаи “Баликкул” дуздидаанд.

Нусхаи дуздидашуда соли 1874 аз абрешим сохта шудааст. Баландии китоб 74 сантиметр, бараш 51 сантиметр, ғафсӣ 12 сантиметр ва он аз 426 саҳифа иборат аст.

XS
SM
MD
LG