Ссылки доступа

Арабистони Саудӣ бо Узбекистон дар ҳафта 14 парвоз ба роҳ мемонад


Муовини вазири нақлиёти Узбекистон Ҷасурбек Чориев гуфт, байни Арабистони Саудӣ ва Узбекистон дар ҳафта 14 парвози ҳавопаймо ба роҳ монда мешавад.

Ин намояндаи вазорати нақлиёти Узбекистон афзуд, тафоҳумнома дар бораи парвозҳо дар доираи сафари президенти Узбекистон ба Арабистони Саудӣ имзо шуд.

Парвозҳо аз шаҳрҳои Узбекистон ба шаҳрҳои Риёз, Ҷидда ва Мадинаи Арабистони Саудӣ ташкил мешаванд.

Ҷасурбек Чориев афзуд, то ин замон ҳавопаймоҳо аз Узбекистон ба Арабистони Саудӣ танҳо барои интиқоли ҳоҷиён парвоз мекарданд. Акнун парвозҳои доимӣ ба роҳ монда шуда, мусофирон барои ҳадафҳои тиҷорӣ ва ғайра ба ду кишвар равуо хоҳанд кард.

Пештар аз ин Узбекистон барои шаҳрвандони Арабистони Саудӣ иҷозаи равуои бидуни визаро дод. Шаҳрвандони Арабистони Саудӣ иҷоза доранд, бидуни виза 30 рӯз дар Узбекистон ҳузур дошта бошанд.

XS
SM
MD
LG