Зани 57-сола аз сиррози ҷигар ранҷ мекашид ва духтари 35-солааш қисме аз ҷигарашро барои модар эҳдо кард.
"Ҷарроҳӣ хуб гузашт, мо умедвор будем, ки ҳамсараму духтарам ба по мехезанд. Аммо пеш аз рухсат шудан аз бемористон ҳар ду фавтиданд", - гуфт Абдумалик Қурбонов падар ва ҳамсари занҳои фавтида.
Зани бемор 12 август ва духтараш 16 август фавтидаанд.
Ин ҷарроҳӣ рӯзи 9 август доир ва 13 соату 20 дақиқа давом кардааст.