Ссылки доступа

Изҳори ҳамдардии Сергей Лавров дар робита ба марги 14 қирғизистонӣ дар садамаи нақлиёт


Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба ҳамтои қирғизистониаш Жээнбек Кулубоев нома ирсол кард. Дар ин бора сафорати Русия дар Қирғизистон хабар медиҳад.

Вазири хориҷии Русия дар робита ба марги 14 қирғизистонӣ дар садамаи нақлиёт дар вилояти Улянови Русия изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Зимнан, рӯзи 23 август ҷасади қирғизистониҳои дар садамаи нақлиёт дар вилояти Улянови Русия фавтидаро ба Қирғизистон оварданд.

Расонаҳои маҳаллӣ менависанд, ба пайвандони фавтидаҳо аз бунёди президенти Қирғизистон бештар аз 3700 долларӣ дода мешавад.

Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон, дар робита ба фавти 14 шаҳрванди ин кишвар дар Русия муроҷиатнома нашр кард. Ҷабборов ба наздикони фавтидагон изҳори таслият ва инчунин 23-юми августро дар Қирғизистон рӯзи мотами миллӣ эълон кард.

Дар вилояти Улянови Русия дар натиҷаи як садама 16 кас фавтид.

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон хабар дод, ки 14 нафар аз ин фавтидагон шаҳрвандони Қирғизистон буданд. Се қирғизистонии дигар дар бемористон бистарӣ ҳастанд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аксу наворҳои ин садамаро нашр карданд. Ба навиштаи корбарон, мошини борбар ба мусофирбаре бархурдааст, ки канори роҳ меистод.

XS
SM
MD
LG