"Аз ҷониби худ омодагии ҷангии пойгоҳҳои низомиро дар Тоҷикистону Қирғизистон барои эҳтимоли вазъи буҳронӣ боло мебарем", - гуфт Шойгу.
Вай илова кард, вазъи Афғонистон, ки онҷо созмонҳои байналхалқии террористӣ, амсоли "Давлати исломӣ" ва "Алқоида" фаъол шудаанд, "барои Осиёи Марказӣ таҳдиди ҷиддӣ ба ҳисоб меравад".
Шойгу гуфт, Москва ҳамаи талошҳои байналхалқиро барои танзими вазъ дар Афғонистон ҷонибдорӣ ва барои таъмини амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ чораҷӯӣ мекунад.