Ссылки доступа

Дар Куриёи Ҷанубӣ ду варзишкори узбекистониро дар хушунати ҷинсӣ айбор карданд


Ду варзишкори паролимпии узбекистониро дар Куриёи Ҷанубӣ дар хушунати ҷинсӣ айбдор карданд.

Дар бораи парвандаи ду узбекистонӣ баъди ду моҳи ҳабси онҳо расонаҳо хабар доданд.

Кумитаи миллии паролимии Узбекистон то кунун дар бораи варзишкорон хабаре надодааст.

Ин ҳодиса замони мусобиқоти варзишӣ рӯзҳои 14-20 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Пхёнтхэк рух додааст.

Дар рӯзи охири мусобиқа ду узви тими Австралия варзишкорони узбекистониро дар хушунати ҷинсӣ айбдор ва ба пулис шикоят бурдаанд.

Аз боздоштшудаҳо ном бурда намешавад.

Варзишкорони боздоштшудаи узбекистонӣ айби эъломшударо рад кардаанд.

Додстонии шаҳри Пхёнтхэк хабар додааст, ки ҷаласаи аввалини додгоҳии парвандаи мазкур рӯзи 24 август баргузор шуд. Аммо додгоҳ қароре содир накард.

XS
SM
MD
LG