Ссылки доступа

Қирғизистон пешниҳод дорад, барои монеаи равуои озод дар ҳудуди Иттиҳоди иқтисодӣ ҷавобгарӣ таъйин шавад


Бояд барои вайрон кардани тартиботи гардиши озодонаи мол, хадамот, захираҳои меҳнатӣ ва сармоя дар дохили Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҷавобгарӣ таъйин шавад.

Дар ин бора раиси девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Ҷабборов дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё рӯзи 26 август дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон изҳори назар кард.

Ҷабборов ҳамчунин гуфт, нишондодҳои иқтисодии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар нимсолаи 2022 афзудааст. Вай инчунин аз монеаҳо дар дохили иттиҳод ёдоварӣ кард.

"Мо бояд шароити хуберо барои шаҳрвандоне фароҳам оварем, ки дар кишварҳоямон кор мекунанд. Шаҳрвандони мо барои пайдо кардани кор ҳуқуқи баробар доранд", - гуфт Ҷабборов.

Мақомоти Қирғизистон дар ҳоле содасозии тартиботи муҳоҷиратро пешниҳод мекунанд, ки давраи имтиёзноки будубоши муҳоҷирони қирғизистонӣ дар Русия ба поён мерасад.

XS
SM
MD
LG