Ссылки доступа

Мухолифони Қирғизистон талаб доранд, маълумот дар бораи "Қумтор" оммавӣ шавад


Ҳаракати муттаҳидаи демократӣ дар Қирғизистон аз мақомот талаб доранд, ки ҳамаи маълумоти марбут ба "Қумтор" - калонтарин кони тилои ин кишварро оммавӣ кунанд.

Мухолифини қирғиз 28 август бо нашри як баёния гуфтанд, изҳороти мақомот дар мавриди "Қумтор" зиддунақиз аст. Аз ин рӯ, онҳо дар баёнияашон як қатор талабҳоро пешниҳод карданд. Аз ҷумла, матни пурраи созишномаи сулҳ бо ширкати "Centerra Gold Inc", хулосаи санҷиши ширкати байналмилалии "Ernst & Young Audit", ки аз ҷониби Девони вазирони Қирғизистон дар моҳи апрели соли 2022 кироя шуда буд, натиҷаи кори комиссияи давлатии экологӣ, ки моҳи майи имсол дар робита ба фурӯрезии канорҳои кон таъсис шудааст, нашр карда шавад.

Ҳамчунин аз вакилони порлумони Қирғизистон талаб шудааст, ки ҳисоботи президенти ин кишвар Содир Ҷабборов дар робита ба "Қумтор" паси дарҳои баста шунида нашавад.

Ширкати канадагии Centerra Gold Inc. тавассути ширкати фаръии "Қумтор Голд Компани" ба коркарди кони тилои Қумтори Қирғизистон машғул буд. Дар ин кон солона то 15-17 тона тило истихроҷ мешуд. Қирғизистон дар кон 26 дарсад саҳм дошт.

Моҳи майи соли 2021 ҳукумати Қирғизистон идораи конро ба ихтиёр гирифт. Дар натиҷа ширкати канадагӣ ба додгоҳҳои байналхалқӣ шикоят бурд.

Моҳи апрели соли ҷорӣ девони вазирони Қирғизистон ва ширкати Centerra Gold Inc. ба созиш расиданд. Бино ба ин созиш, Қирғизистон ба молики ягонаи кон табдил шуд ва 26 дарсади саҳми Қирғизистон ба ширкати канадагӣ дода шуд.

XS
SM
MD
LG