Ссылки доступа

Мушкили напардохтани маоши муҳоҷирон дар Русия сахттар мешавад


Мушкили напардохтани маош ба муҳоҷирони корӣ аз ҷониби корфармоён дар Русия баъди оғози ҷанги Украина сахттар шудааст. Дар ҳоли ҳозир ширкатҳои хориҷие низ ҳастанд, ки маоши кормандонашонро сари вақт намепардозанд.

Муҳоҷирони узбекистонӣ, ки дар ширкати туркии сохтмонии "Dynamik Group" дар вилояти Москваи Русия кор мекунанд, шикоят доранд, ки 45 миллион рубл (беш аз 700 ҳазор доллар) маоши худро наметавонанд бигиранд. Ба гуфтаи муҳоҷирон, ин маблағ маоши наздики 200 корманд аст.

Дилшод Тӯйчиев, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ мегӯяд, талошҳои кормандони узбекистонӣ барои дарёфти маошашон бенатиҷа аст.

Кормандони ширкати туркии "Emir Kons" дар вилояти Москва низ айнан ҳамин шикоятро доранд. Ба гуфтаи онҳо, ин ширкат 17 миллион рубли маоши кормандонашро напардохтааст.

Муҳоҷирони узбекистон мегӯянд, аз ин мушкил ба Оҷонси муҳоҷирати кории хориҷӣ дар кишварашон шикоят бурдаанд, вале оҷонс дар канали телеграмии худ дар ин бора танҳо як хабар бо унвони "Нақзи ҳуқуқи ҳудуди 200 ҳамватани мо" нашр кардааст.

Ширкатҳои "Динамик Групп" ва "Emir Kons" ба дархостҳои расмии рӯзноманигорон посух надоданд.

XS
SM
MD
LG