Ссылки доступа

Бонкҳои Қирғизистон вазифадор шуданд, имкони пардохт бо "QR-код"-ро фароҳам кунанд


Бонки миллии Қирғизистон тағйироти марбут ба рушди зербиноии бонкӣ ва пардохтӣ барои қабули пули мол ва хидматрасониҳо тавассути "QR код"-ро эълон кард.

Ба иттилои Бонки миллии Қирғизистон, ин ниҳод 24 август ба қарор “Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои анҷом додани пардохтҳо ва интиқолҳо бо истифода аз рамзҳои штрих-кодҳо (QR-код)” тағйирот ворид кардааст.

Бар асоси қарори ахир, бонкҳои тиҷорӣ, инчунин ширкатҳои низоми пардохтӣ, ташкилотҳои пардохтӣ ва оҷонсҳои онҳо бо замимаҳои мобилӣ бояд то 31 декабр ба мизоҷон маҳсулоти бонкӣ (ариза, хидмат) барои анҷом додани пардохтҳоро бо истифода аз QR-код пешниҳод кунанд.

Ёдовар мешавем, ибтидои моҳи майи имсол Хадамоти андози Қирғизистон барои истеъмолкунандагон як бозиеро роҳандозӣ карда буд, ки шумо метавонед дар он бо аксгирии коди QR аз расидҳо ширкат кунед. Девони вазирони Қирғизистон мегӯяд, ин иқдом шаҳрвандонро водор мекунад, ки дар нуқтаҳои савдо расид талаб кунанд ва ин кор ҳаҷми иқтисоди сояиро коҳиш дода, ба афзоиши даромади андоз мусоидат мекунад.

XS
SM
MD
LG