Ссылки доступа

Дар Бишкек гирдиҳамоӣ ба ҷонибдорӣ аз блогерони боздоштшударо пароканда карданд


Ҷонибдорони блогерҳои боздоштшуда дар Қирғизистон Адилет Алӣ Миктибек ва Ирискелдӣ Жекшеналиев 30 август дар назди бинои ҳукумати ин кишвар дар шаҳри Бишкек тазоҳурот карданд.

Фаъоли мадании қирғиз Бурулкан Усмуналӣ ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, маъмурони пулиси Бишкек нагузоштанд, ки онҳо тазоҳуроти худро баргузор кунанд.

"Онҳо ба баргузории гирдиҳамоии мо монеа эҷод карданд. Ман аз Конститутсия дифоъ кардам ва эълом доштам, ки мо ҳуқуқи баргузории ҷамъомади осоиштаро дорем. Аммо гуфта шуд, ки бар асоси қарори додгоҳ аз 11 апрел, баргузории ҷамъомадҳо дар ҳудуди майдони Горкий манъ аст. Талаби пулис ғайриқонунӣ аст”, - афзуд фаъоли қирғиз.

Адилет Али Миктибек, маъруф бо номи Адилет Болтабой дар шабакаҳои иҷтимоӣ охирҳои моҳи июни имсол бо гумони даъват ба бетартибиҳои оммавӣ дастгир карда шудааст.

Ирискелдӣ Жекшеналиев, мудири саҳифаи "Полит Узник" дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук 14 август боздошт шуд. Ӯ пеш аз боздошти худ дар саҳифаи "Полит Узник" изҳороти ду сол пеши раиси пешини Кумитаи амнияти миллии ин кишвар Абдил Сеғизбоев дар робита ба кони ҷанҷолбарангези "Жетим-Тоо"-ро нашр карда буд.

XS
SM
MD
LG