Ссылки доступа

Саммити СҲШ дар Самарқанд боиси таъхир дар оғози соли хониш шуд


Раёсати маорифи шаҳри Самарқанди Узбекистон хабар дод, ки дар робита ба нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шангхай (СҲШ) соли нави хониш дар мактабҳои шаҳр аз 19 сентябр оғоз мешавад.

"Бо мақсади ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амният дар рафти чорабиниҳои гуногун, ҳамчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои аҳолӣ ба маълумоти шумо мерасонем, ки раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Самарқанд аз 19 сентябри имсол оғоз мегардад", - иттилоъ додааст хадамоти матбуотии раёсат.

Раёсати маорифи Самарқанд афзуда, ки соатҳои дарсӣ аз ҳисоби таътилу рӯзҳои истироҳатӣ рӯйпӯш карда мешаванд.

Ҷаласаи навбатии сарони СҲШ рӯзҳои 15-16 сентябри имсол дар Самарқанд баргузор мешавад. Узбекистон, Русия, Чин, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ҳиндустон, Покистон ва Эрон узви СҲШ мебошанд. Афғонистон, Муғулистон ва Белорус узви нозири созмон ҳастанд.

XS
SM
MD
LG