Ссылки доступа

Ҳукми 24 гумонбар дар бетартибиҳои Қароқалпоқистонро тағйир доданд


Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Узбекистон мегӯяд, 24 сокини Қароқалпоқистон, ки дар робита ба ҳодисаҳои шаҳри Нуқус дастгир шуда буданд, бо пардохти гарав озод ва ба назди хонаводаҳояшон баргаштанд.

Ба иттилои ваколатдор, ҳукми ҳабси пешакии онҳо ба ҳабси хонагӣ ва ҷазо дар шакли назорати ҷамъиятӣ иваз карда шудааст.

Манбаъ афзуда, ки Додситонии кулли Узбекистон ин тасмимро "дар асоси кафолати давлат, пешниҳоди аъзои комиссияи тафтишотии ҳодисаҳо ва бо дархости Маҷлиси Қароқалпоқистон" қабул кардааст.

Рӯзҳои 1-2 июли соли ҷорӣ дар шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистон зидди тағйир додани мақоми конститутсионии ин ҷумҳурӣ гирдиҳамоӣ ташкил шуд.

Неруҳои қудратии Узбекистон гирдиҳамоиро пахш карданд. Ба иттилои расмӣ, дар он ҳодисаҳо 21 кас кушта ва 243 кас маҷруҳ гардидааст. Мақомот 516 тани дигарро боздошт карданд.

XS
SM
MD
LG