Ссылки доступа

Шаҳрванди Узбекистонро дар Москва ба кушиши кудакрабоӣ айбдор карданд


Муҳоҷири узбекистонӣ Ноила Нурматова, ки дар шаҳри Москва кору зиндагӣ мекунад, мегӯяд, духтари 21-солаи ӯ, С.-ро беасос ба кушиши рабудани як кудак айбдор кардаанд.

Ба гуфтаи Нурматова, духтараш рӯзи 19-уми август бо гумони кушиши рабудани духтари панҷсола аз майдончаи бозӣ боздошт шуд, аммо пулис рӯзи дигар вайро ба далели исбот нашудани иттиҳом раҳо кард.

Модари С. ҳодисаро чунин нақл мекунад, "чанд рӯз пеш дар майдончаи бозӣ духтарчае ба назди С. омада, ҳамсуҳбат мешавад. Рӯзи 19 август кудак боз духтари маро дар саҳни бино дида, хоҳиш мекунад, ки вайро ба назди модараш ба мағоза барад. Дар ҳамин ҳол модари духтар пайдо шуда, С.-ро ба рабудани кудаки панҷсолааш айбдор ва пулисро даъват мекунад".

Кормандони пулис баъди омӯзиши навори дурбинҳои назоратӣ, ки нишон медиҳанд, кудак худаш ба назди С. рафта, бо дасташ ба самти мағоза ишора мекунад, шаҳрванди Узбекистонро озод мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои Русия бо вуҷуди содир нашудани ҳукми додгоҳ аксҳои духтарро ҳамчун "кӯдакрабо" нашр ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карданд. Нурматова мегӯяд, духтари ӯ ду моҳ пеш ба Москва рафтааст ва то ҳол ҷойи коре пайдо накардааст ва ин кор метавонад ба зиндагии ӯ таъсири манфӣ расонад.

XS
SM
MD
LG