Дар хадамоти матбуотии ИМҚ бо тасдиқи ин хабар гуфтанд, ки идора дар ҳоли ҳозир дар бинои иҷора фаъолият дорад. "Мо соли гузашта барои сохтани бино ба бунёдҳо ва соҳибкорон муроҷиат кардем. Сохтмони бино имсол ба охир мерасад. То ҳол танҳо як соҳибкор сарпараст аст. Давлат маблағ ҷудо накардааст”, - гуфт сухангӯи ИМҚ Мақсат Отабоев.
Ба гуфтаи ӯ, сохтмони бинои ИМҚ 1,5 моҳ пеш оғоз шудааст. Аммо гуфта намешавад, ки ба бунёди бинои нав чӣ қадар маблағ сарф мешавад.
Қаблан Бунёди "Исмоили Ота", ки ба номи Исмоил Матраимов, падари Раимбек Матраимов номгузорӣ шудааст, аз гузоштани санги асоси бинои нави ИМҚ бо иштироки муфтӣ Замир Рақиев ва Райимбек хабар дода буд.
Номи Раимбек Матраимов борҳо дар силсилатаҳқиқотҳои рӯзноманигорӣ дар бораи низоми фасодолуд дар мақомоти гумруки Қирғиистон зикр гардидааст, ки дар бахши қирғизии "Радиои Озодӣ", сомонаи "Клооп" ва Маркази пажуҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) нашр шуд.
Баъди ҳаводиси моҳи октябри соли 2020 Раимбек Матраимовро бо гумони содир кардани ҷиноят ду маротиба боздошт карданд. Моҳи октябри соли 2020 ӯро дар доираи парвандаи низоми фасодолуд дар мақомоти гумрук боздошт карданд. Вай бо пардохти зарари расонида ба давлат дар ҳаҷми 2 млн сом ва ҷаримаи барои фасодкорӣ дар ҳаҷми 260 ҳазор сом аз боздошт раҳо шуд.
КДАМ Қирғизистон Матраимовро бори дигар 18 феврал боздошт кард. Ин бор вай дар пулшӯӣ гумонбар мешуд. 15 апрел мақомоти амнияти Қирғизистон гуфтанд, парванда нисбати Матраимов бекор ва вай аз боздошт раҳо шудааст.