Ссылки доступа

Қирғизистон 31-солагии истиқлоли худро ҷашн мегирад


Қирғизистон имрӯз, 31 август 31-умин солгарди истиқлоли давлатии худро таҷлил мекунад. Чорабиниҳои идона дар ноҳияи Аламудини вилояти Чуйи он кишвар баргузор хоҳанд шуд.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар табрикоти худ қайд кард, ки минбаъд чорабиниҳои тантанавӣ ба ифтихори ҷашни Истиқлолро бо навбат дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни он кишвар баргузор хоҳанд кард.

Вай афзуд, ки самти асосии фаъолияти мақомоти имрӯзаи Қирғизистон “ҳифзи истиқлол, баланд бардоштани тавонмандии иқтисодиву иҷтимоии кишвар, татбиқи пайвастаи вазифаҳои бузурги барномавӣ ва ислоҳот” аст.

Эъломияи истиқлоли Қирғизистонро Шӯрои олии ин кишвар 15 декабри соли 1990, баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ қабул кард ва 31 август порлумон эъломияро ба тасвиб расонд. Ин рӯз дар Қирғизистон расман истироҳат эълом шудааст.

XS
SM
MD
LG