Ссылки доступа

Рамзҳои ҳамлаи Русия ба Украина дар кӯчаҳои Бишкек (видео)


Ҳомии ҳуқуқ аз Қирғизистон дар остонаи Рӯзи истиқлоли кишвараш дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навореро нашр кард, ки нишон медиҳад, ӯ дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Бишкек рамзҳои ҳамлаи Русия ба Украинаро пок мекунад.

Ҳомии ҳуқуқ ин амали афроди номаълумро танқид карда, як навъи иғвоангезӣ номид.

Ҳарфҳои "Z" ва "V" дар техникаҳои ҳарбии Русия, ки ба Украина ҳамла карданд, тасвир шудаанд. Мубаллиғони Кремл онҳоро рамзи "амалиёти махсус" меноманд. Кремл дар таблиғоти худ аз ин рамзҳо истифода мекунад.

Қаблан пулиси Бишкек ронандагонеро, ки дар мошинашон аломати "Z" доштанд, ҷарима карда буд.

XS
SM
MD
LG