Ссылки доступа

Президенти Қазоқистон гуфт, иштирокдорони ҳодисаҳои январро афв мекунад


Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев, ки гуфт, тирамоҳи имсол дар кишвараш интихоботи пешазмуҳлати президентӣ баргузор мешавад, барои иштирокдорони ҳодисаҳои моҳи январ афви якдафъаина ваъда кард.

Ба гуфтаи Тоқаев, афв ба шаҳрвандоне дахл хоҳад дошт, ки ба содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла хиёнат ба давлат ва кушиши ғасби қудрат аз роҳи хушунат айбдор намешаванд.

Президенти Қазоқистон дақиқ нагуфт, ки чанд нафар афв хоҳанд шуд ва аз "гумонбарони асосӣ" дар ҳаводиси мазкур ҳам ном набурд. Аммо маълум мешавад, ин афв ба раҳбарияти собиқи Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон, ки аз афроди наздик ба президенти пешини ин кишвар Нурсултон Назарбоев маҳсуб мешуданд, дахл нахоҳад дошт.

Раиси пешини Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон Карим Масимов ва се муовинаш дар пайи ҳодисаҳои моҳи январ аз мақом барканор ва боздошт шуданд. Кумита ахиран хабар дод, ки тафтиши парвандаи Масимов ва се муовини собиқаш ба анҷом расидааст. Собиқ мансабдорон дар хиёнат ба давлат, кӯшиши ғасби қудрат ва сӯиистифода аз мақом муттаҳам мешаванд.

XS
SM
MD
LG