Ссылки доступа

Мирзиёев гуфт, дар давраи СССР 100 ҳазор узбекистонӣ таъқиб шудааст


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 31 август дар як суханрониаш аз қурбониёни таъқибҳои даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ёдоварӣ карда, гуфтааст, "то ба даст овардани истиқлоли давлатии кишвар 100 ҳазор ҳамватани мо таъқиб ва 13 ҳазор тан паронда шудааст".

"Ҳарчанд истиқлоли давлатӣ 31 сол қабл ба даст оварда шуда бошад ҳам, бобоёни мо барои он беш аз 100 сол пеш кушиш карда буданд. 100 ҳазор ҳамватани мо таъқиб гашта, 13 ҳазори онҳоро бераҳмона паронданд”, - гуфт Мирзиёев.

Ба гуфтаи Мирзиёев, Додгоҳи олии Узбекистон соли гузашта 235 қурбонии таъқибҳоро сафед кардааст.

Дар Узбекистон 31 август ҳамасола ҳамчун Рӯзи ёдоварӣ аз қурбониёни таъқибҳо таҷлил карда мешавад.

XS
SM
MD
LG