Ссылки доступа

Муҳлати ҳабси раҳбари Ҳизби демократи Қазоқистон тамдид шуд


Муҳлати ҳабси раиси Ҳизби сабтиномнашудаи демократии Қазоқистон Ҷонболат Мамай ду моҳи дигар, то 12 октябри имсол дароз карда шуд.

Ҳамсари Мамай Инга Имонбой дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук хабар дод, ки додгоҳ 31 август дархости муфаттишон барои тамдиди муҳлати ҳабси шавҳарашро қонеъ кард.

Имонбой ва ҳимоятгарони Мамай ахиран гуфтанд, муфаттишон ба онҳо фишор меоранд, ки зидди раиси Ҳизби сабтиномнашудаи демократии Қазоқистон баёнот диҳанд.

Мамайи 34-сола аз 26 феврали имсол дар боздоштгоҳи Алмато қарор дорад. Ӯ баъди гирдиҳамоии ёдбуди қурбониёни ҳодисаҳои моҳи январи имсол дар Қазоқистон бо иттиҳоми нақзи қоидаи ташкили тазоҳуроти осоишта нахуст 15 шабонарӯз ҳабс ва сипас бо гумони "паҳн кардани маълумоти бардурӯғ" ва "таҳқири намояндаи мақомот" ба СИЗО интиқол дода шуд.

Фаъоли қазоқ гуфта буд, ин парванда "ангезаи сиёсӣ" дорад ва ҳадафи он фишор ба фаъолони Ҳизби сабтиномнашудаи демократии Қазоқистон аст.

XS
SM
MD
LG