"Тавре ки қаблан гуфта будем, мо аз номзадии президенти кунунӣ Қосимҷомарт Тоқаев дар интихоботи пешорӯ ҷонибдорӣ мекунем", гуфта шудааст дар изҳороти ҳизб. Ҳамчунин илова шуда, ки ҳизб "тағйироти сиёсӣ"-еро, ки Тоқаев дар "паём"-и рӯзи 1 сентябр ба мардуми Қазоқистон эълон кард, комилан ҳимоят мекунад.
Қосимҷомарт Тоқаев Қазоқистон, рӯзи 1-уми сентябр дар паёме ба порлумони Қазоқистон хабар дод, ки тирамоҳи имсол дар кишвараш интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ баргузор хоҳад шуд, аммо сабаби шитобкориро нагуфт. Танҳо ишора кард, ки "барои таҳкими давлатдорӣ ва нигоҳ доштани суръати ислоҳот чораҳо заруранд." Тоқаев дар моҳи июни соли 2019 дар интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ баранда эълон шуд, вале норозиён интихоботро тақаллубӣ хонданд.
Ӯ ҳамзамон пешниҳод кард, муҳлати президентиро дар Қазоқистон аз панҷ сол то ҳафт сол дароз кунанд ва як кас як давра ин масъулиятро ба дӯш бигирад.