Ссылки доступа

Се гузаргоҳи марзии Қирғизистон бо Қазоқистон баста мешавад


Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар дод, ки имрӯз дар робита ба таҷдиди пойгоҳи техникии Низоми ягонаи сабти муҳоҷирати хориҷӣ убури мусофирон ва мошинҳо тавассути баъзе аз гузаргоҳҳои сарҳадии ин кишвар бо Қазоқистон муваққатан қатъ мешавад.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 2 сентябр гузаргоҳи "Ак-Тилек-автодорожний" аз соати 11.00 то 13.00, гузаргоҳои "Кен-Булун-автодорожний" аз 14.00 то 16.00, гузаргоҳи "Токмок-автодорожний" аз 17.00 то 20.00 баста хоҳанд шуд.

Хадамот афзудааст, ки эҳтимол дорад, кори гузаргоҳҳои марзӣ пештар аз вақти гуфташуда дубора аз сар гирифта шавад.

XS
SM
MD
LG