Ссылки доступа

Узбекистон ба Покистон кумаки башардӯстона фиристод


Узбекистон ба Покистон 40 тонна кумаки башардӯстона фиристод.

Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Узбекистон, кумаки башардӯстона аз равғани растанӣ, орд, биринҷ, маҳсулоти гӯштӣ, қаннодӣ ва либосу рахти хоб иборат аст. Кумак рӯзи 1 сентябр ба Исломобод фиристода шудааст.

Бино ба иттилои расмӣ, обхезӣ 25 дарсади Покистонро фаро гирифтааст. Дар натиҷаи офати табиӣ дастикам 1100 нафар кушта, тақрибан як миллион хона тахриб ва даҳҳо миллион покистонӣ осеб дидаанд.

СММ аз кишварҳои сармоядор даъват кард, ки ба Покистон дастикам 160 миллион доллар кумаки фаврӣ расонанд. Созмон гуфт, дар натиҷаи офати табиӣ 500 000 сокини Покистон маҷбур шудаанд, хонаҳои худро тарк кунанд ва дар урдугоҳҳо дар минтақаҳои амн зиндагӣ намоянд.

XS
SM
MD
LG