Ссылки доступа

Эълони вазъи фавқулода дар вилояти Костанайи Қазоқистон. Оташсӯзӣ идома дорад


Дар вилояти Костанайи Қазоқистон сӯхтори ҷангалҳо идома дорад. Мақомот дар сатҳи вилоят ҳолати фавқулода эълон кардаанд.

Аз захираҳои ҳукумати вилоят барои зарардидагон кӯмак ҷудо шудааст. Ин кӯмакҳо дар навбати аввал барои таъмини шароити хуби зиндагӣ ва ғизо равона мешаванд.

Ба иттилои мақомот, 1800 кас кӯч дода шудаанд.

98 манзил комилан сӯхтааст, хабар доданд мақомот.

Барои хомӯш кардани оташ 193 техника, ҳафт чахбол, панҷ қатораи оташнишонӣ, наздики 1,5 ҳазор инсон сафарбар шудааст.

Дар натиҷаи оташсӯзӣ 10 кас зиён дидааст. Оташсӯзӣ 2 сентябр шуруъ шуд.

XS
SM
MD
LG