Ссылки доступа

ҲАМОС "ҷосусҳои Исроил"-ро қатл кард


ҲАМОС - гуруҳе, ки навори Ғаззаи Фаластинро идора мекунад, дар бораи қатли 5 кас рӯзи 4 сентябр хабар дод. Ду тан аз онҳо дар ҷосусӣ ба фоидаи Исроил айбдор мешуданд.

Аз соли 2017 то кунун бори аввал дар ҳудуди Фаластин ҳукми қатл иҷро шуд. Созмонҳои байналхалқии ҳомии ҳуқуқ ин ҳукми қатлро маҳкум ва аз ҲАМОС хостанд, аз ҳукмҳои қатл даст кашад.

ҲАМОС номи қатлшудаҳоро ошкор накардааст. Расман се тани онҳо дар куштор айбдор мешуданд. Ду тан аз қатлшудаҳо 44 ва 54 сол доштанд. ҲАМОС расман дар ин бора ба Исроил хабар додааст. Ҳукумати Исроил аз шарҳи расмӣ худдорӣ варзид.

Маҳсуд Аббос, президенти Фаластин ҳаққи афв кардани онҳоеро дорад, ки ҳукми қатл гирифтаанд. Аммо вай имкон надорад, ки навори Ғаззаи таҳти идораи ҲАМОС-ро ҳам назорат кунад.

XS
SM
MD
LG