Ссылки доступа

Дар ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек то моҳи декабр иҷозаи гирдиҳамоӣ намедиҳанд


Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон манъи баргузории гирдиҳамоиҳоро то 1 декабри соли ҷорӣ тамдид кард.

Ба ин тартиб, баргузории ҳама гуна гирдиҳамоиҳо то 1 декабри соли ҷорӣ пушти дари сафорати Русия дар шаҳри Бишкек, майдони марказии ин шаҳр, назди бинои порлумон, дастгоҳи президент ва бинои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ манъ шуд.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 11 март додгоҳи ноҳияи Якуми май баргузории ҳама гуна гирдиҳамоиҳоро дар ҳудуди ноҳия то 11 апрел манъ кард. Баъдтар ин қарор тамдид шуд.

Дар оғози ҳамлаи Русия ба Украина, дар охири моҳи феврали соли ҷорӣ, сокинони шаҳри Бишкек чанд маротиба пушти дари сафорати Русия гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Сокинон ба ин тартиб зиддияташонро ба ҳамлаи Русия болои Украина нишон доданд.

XS
SM
MD
LG