Ссылки доступа

Дар Қирғизистон харобаҳои ибодатгоҳи ҳазорсолаи буддоиҳоро барои тамошо боз мекунанд (видео)


В Кыргызстане раскопали средневековый буддийский храм: с этой недели он открыт для посетителей
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:28 0:00

В Кыргызстане раскопали средневековый буддийский храм: с этой недели он открыт для посетителей

Ҳанӯз дар соли 2010 дар шаҳраки Дарёчаи Сурх дар вилояти Чуйи Қирғизистон, ки дар Роҳи Абрешим қарор дорад, ҳафриёти ибодатгоҳи буддоиҳои оғоз шуда буд.

Бостоншиносон бар ин боваранд, ки ибодатгоҳ дар асрҳои VII-X ва ё пештар аз он сохта шудааст. Ҳоло корҳои барқарорсозӣ дар ибодатгоҳ қариб ба анҷом расидааст. Ва акнун ҳафтаи ҷорӣ ҳамаи хоҳишмандон метавонанд, ба тамошои он бираванд.

"Дувумин ибодатгоҳи буддоиҳо дар шаҳраки Дарёчаи Сурх - ин ягона иншооти гилин аст. Ҳамаи бозёфтҳои қадимии мо гилин ҳастанд. Мо тақрибан бинои сангин надорем, биноҳои бо хишти пухта тақрибан надорем. Аз ҳамин хотир: ин дар навъи худ ягона иншооти табдилшуда ба осорхона", - гуфт бостоншинос Валерий Колченко.

Аз ин макон баъзе аз ҳафриёт, аз ҷумла тандиси 11-метраи Буддоро ба осорхонаи давлатии шаҳри Санкт-Петербурги Русия - Эрмитаж бурдаанд.

"Тандиси Буддо аз хишт сохта ва бо лой рукаш шуда буд", - гуфт Валерий Колченко.

Ҳафриёти бостонӣ дар ин макон бештар аз 150 сол аст, ки давом дорад. Ҳамасола олимони ҷавон аз кишварҳои дунё ба ин макон меоянд ва нишони гузаштаҳои худро меҷӯянд.

Шаҳраки Дарёчаи Сурх шомили мероси ғайримоддии ЮНЕСКО шудааст.

XS
SM
MD
LG