Ссылки доступа

Мақомоти Узбекистон 95 кг маводи мухаддир мусодира карданд


Дар доираи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир кормандони Хадамоти давлатии амнияти Узбекистон чанд чорабинӣ доир карданд.

Дар ноҳияи Чилонзори шаҳри Тошканд мошини навъи Matiz бозҷӯӣ шуд. Дар дохили мошин ду шаҳрванди хориҷӣ қарор доштанд, ки аз онҳо 23 кг тарёк ва 30,1 кг ҳашиш ёфт ва мусодира шуд. Ба иттилои хадамоти давлатии амнияти Узбекистон, ин маводи мухаддир аз Афғонистон ба Узбекистон ба таври қочоқ ворид шудааст.

Дар як бозҷӯии дигар аз сокини ноҳияи Деҳнави ноҳияи Сурхандарё 39,5 кг ҳашиш ёфт ва мусодира гардид, ки ин маводи мухаддир низ аз Афғонистон ворид шудааст, хабар медиҳад Хадамоти давлатии амнияти Узбекистон.

Дар ҳолати севум аз манзили сокини ноҳияи Деҳнав 2,4 кг тарёк ёфт шудааст.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ боз ва тафтишот идома доард.

XS
SM
MD
LG