Маълум нест, ки комисия бо вай кай мулоқот кардааст.
Тоҷимуродов гуфтааст, ки бо вакили мудофеъ таъмин аст ва пайваста мулоқот дорад. Ҳамчунин вай бо аъзои хонаводааш мулоқоти кӯтоҳе дошааст.
Ин фаъоли қарақалпоқистонӣ гуфтааст, ки дар тафтишот ва дар боздоштгоҳ шиканҷа нашудааст.
Тоҷимуродовро бо гумони ташкили ҳодисаҳои моҳи июлии шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистон гумонбар мекунанд. Вай аз сокинони Қарақалпоқистон даъват карда буд, ки рӯзи 5 июл ба гирдиҳамоӣ бароянд ва иҷоза надиҳанд, ки вазъи мухторияти Қарақалпоқистон дар Конститутсияи Узбекистон тағйир дода шавад. Ӯро баъди ин даъваташ боздошт карданд.