Ссылки доступа

Президенти Қирғизистон гуфт, "аз акси бародари тилобадасти вай фоҷиа насозанд"


Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон дар мусоҳиба бо расонаҳои маҳаллӣ ба суолҳои марбут ба кони тилои "Қумтор" посух гуфт.

Ҷабборов ду суолро шарҳ дод: яке акси бародари вай бо хиштҳои тилоӣ ва дигаре фурӯши 19 тона тилои Қумтор.

Президенти Қирғизистон гуфт, ки акси тилобадасти бародараш дар Туркия гирифта шудааст.

"Соли гузашта Эътилофи бозорҳои металҳои қиматбаҳои Лондон (LBMA) фурӯши тилои Қирғизистонро дар бозори ҷаҳонӣ маҳдуд кард. Он замон туркҳо натавонистанд, ба ҳузури ман ва дигар мансабдорон роҳ ёбанд, бюрократия ҳамоно мавҷуд аст. Онҳо пешниҳоди хариди тилои моро доштанд, ба тамошои корхонаи худ даъват карданд, акс ҳамон замон бардошта шудааст. Аз ин фоҷиа насозед. Ҳатто як грам тило ҳам ба онҳо нафурӯхтем. Ба ҷуз аз Туркия 10 кишвари дигар пешниҳоди хариди тило карданд. Хешовандони ман фикр мекунанд, ки чи гуна ба кишвар кӯмак расонанд. LBMA фурӯши тилоро маҳдуд кард, ҳамаи онҳо нигарон буданд. Он замон, вай (бародари президент, идора) бо андешаи кӯмак ба Туркия рафт. Ҳеч касе аз номи давлат дар ин бора дархост накардааст. Вай он ҷо рафт, ки донад, тило чи қадар арзиш дорад. Аммо қимати тило хеле пойин буд, аз ҳамин хотир ҳатто як грам тило фурӯхта нашудааст", - гуфт Ҷабборов.

Бо ин вуҷуд, президенти Қирғизистон гуфт, ки ин рафтори бародараш мудохила ба умури давлат нест. Вай илова кард, ки "дар тамоми давлатҳо меҳмонон ва сармоягузорон бо хешовандони президент тамос мегиранд".

Дар мавриди тилои кони Қумтор Ҷабборов гуфт, ки "наздики як сол тило фурӯхта нашуд ва дар Бонки миллӣ захира гардид. Аммо баъди бардоштани маҳдудиятҳои LBMA тило дар бозори ҷаҳонӣ бо қимати гарон фурӯхта мешавад".

Пештар вакили порлумони Қирғизистон Мирлан Самийкожо аз дастгоҳи президенти он кишвар дархост кард, ки акси Собир Ҷабборовро шарҳ диҳанд. Акси тилобадасти бародари президент ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.

XS
SM
MD
LG