Ссылки доступа

Куриёи Шимолӣ худро давлати ҳастаӣ эълом кард


Куриёи Шимолӣ худро давлати ҳастаӣ эълом кард. Ба иттилои хабаргузории "Ренхап"-и Куриёи Ҷанубӣ, Маҷлиси олии мардумии Куриёи Шимолӣ дар ин робита қонунеро бо номи "Сиёсат нисбати аслиҳаи ҳастаӣ" қабул кардааст.

Қонуни нав иҷоза медиҳад, дар сурати ҳамла ба Куриёи Шимолӣ силоҳи ҳастаӣ бе чуну чаро истифода шавад.

"Агар ба далели ҳамлаи душман низоми идораи неруҳои ҳастаӣ таҳти хатар қарор гирад, зарбаи ҳастаӣ бо ҳадафи маҳв кардани неруҳои душман, аз ҷумла манбаи иғво ва нуктаи фармондеҳӣ, бе чуну чаро ва аз рӯи нақшаи аз қабл таҳияшуда зада мешавад", - омада аст дар қонуни нав.

Бино ба ин қонун, ҳаққи фармони истифодаи силоҳи ҳастаиро танҳо роҳбари Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ин дорад. Дар суханрониаш дар Маҷлиси олии мардумии Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ин гуфт, ба далели "сиёсатҳои душманона"-и ИМА, кишвараш ҳаргиз аз силоҳи ҳастаӣ даст намекашад.

Роҳбари Куриёи Шимолӣ афзуд, ИМА ҳадаф дорад "неруи ҳастаӣ"-и кишварашро маҳв ва "онро маҷбур ба даст кашидан аз худмуҳофизатӣ кунад ва ба ин тартиб, низомро барҳам диҳад".

Зарбаи ҳастаӣ танҳо дар сурати ҳамла ба Ким Чен Ин сурат мегирад, омадааст дар ҳуҷҷати нав. Бо ин вуҷуд, гуфта шудааст, ки силоҳи ҳастаӣ "чораи ниҳоӣ зидди душман буда", Куриёи Шимолӣ аввал шуда, онро истифода намебарад.

Аз ибтидои соли ҷорӣ Куриёи Шимолӣ 17 мушак партоб кардааст.

XS
SM
MD
LG